ФҚХ «ЗАР» қарзҳоро бо методологияи зерин пешниҳод менамояд:
- қарзҳои инфиродӣ ба шахсони воқеи
- қарзҳои гурўҳи кафолатноки қарзӣ
- қарзҳои шахсони ҳуқукӣ
- қарзҳои истеъмолӣ
Методологияи ҳисоби фоизи қарздиҳи:
- фоизҳои қарз аз бақияи маблағи асосии қарз ҳисоб карда мешаванд.
Мӯхлати қарз:
- Қарзҳо ба мӯхлати аз 6 то 36 моҳ пешниҳод карда мешаванд, ба истиснои қарзҳои кишоварзӣ, ки метавонанд ба мӯҳлати то 18 моҳ, вобаста ба давраи истеҳсолӣ дода шаванд.
- Ҳамаи қарзҳои пешниҳод мешудаи ФҚХ «ЗАР» бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ дода мешавад.

Мақсади қарздиҳи
- Қарзҳои ФҚХ «ЗАР» бисёрмақсад буда барои қонеъ гардонидани талаботи мизоҷон ва оилаи онҳо равона мешаванд, аз ҷумла бо мақсадҳои:
- зиёд гардонидани воситаҳои гардишии тиҷорат
- ташкил ва ривоҷ додани тиҷорат
- харидани воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ
- қарзҳои истеъмолӣ барои эҳтиёҷоти оила аз қабили харидорӣ кардан, таҳсил, истироҳати шахси, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра
- дигар мақсадҳо, мутобиқи талаботи мизоҷон
Маҳсулотҳои қарзӣ
- ТИҶОРАТӢ
- КИШОВАРЗӢ
- ИСТЕЪМОЛӢ
Қарзҳо барои тиҷорат – ин намуди қарз ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда дар соҳаи савдо, истеҳсолот, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо, ки ба қонунҳои ҶТ мухолифат намекунанд пешниҳод карда мешавад.
Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул.
Маблағи қарз: барои шахсони воқеӣ аз 1000 сомонӣ то 250 000 сомонӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 1000 сомонӣ то 350 000 сомонӣ.
Мӯҳлати қарз: аз 6 то 36 моҳ.
Фоизи солона: 36%
Фоизи моҳона: 3%
Талаботҳои қарздиҳӣ:
– Шахсони ҳуқуқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
– На кам аз 6 моҳ таҷрибаи кори доштан;
– Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ, маълумотнома оиди музди корӣ барои ташкилотҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ;
– Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
– Доштани таъминоти гарав.
Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:
– Дархости қарзӣ;
– Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди истиқомат;
– Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент барои соҳибкорон, маълумотнома оиди музди корӣ барои коргарони ташкилотҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ.
Қарзҳо барои кишоварзӣ – ин намуди қарз ба мизоҷон имконият медиҳад, ки маблағро барои ҳама намудҳои кишту кори хоҷагиҳои деҳқонӣ истифода баранд (растанипарварӣ, чорвопарварӣ, паррандапарварӣ, занбурпарварӣ, моҳипарварӣ ва ғайра). Маблағи гирифташуда метавонад барои тухмӣ, нуриҳои минералӣ, зархимикатҳо (пестицид) ва сӯзишворӣ истифода бурда шавад.
Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул.
Маблағи қарз: барои шахсони воқеӣ аз 1000 сомонӣ то 250 000 сомонӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 1000 сомонӣ то 350 000 сомонӣ.
Мӯҳлати қарз: аз 6 то 18 моҳ.
Фоизи солона: 36%
Фоизи моҳона: 3%
Талаботҳои қарздиҳӣ:
– Шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ;
– Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
– Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
– Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
– Доштани таъминоти гарав.
Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:
– Дархости қарзӣ;
– Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди истиқомат;
– Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент.
Қарзҳо барои истеъмолӣ – ба шахсони воқеъи, ки зиёда аз як сол ҷои кори доимӣ доранд ё дигар шахсони вокеъи, ки фоидаи доими аз тиҷорат дошта бошанд, пешниҳод карда мешаванд. Инчунин қарзҳо бо мақсади муҳоҷирати меҳнатии аъзои оила, қонеъ гардонидани талаботи оила, барои таҳсилу омӯзиш, харидории амволи хона, табобат, истироҳат, таъмир ва гузаронидани системаи гармидиҳи ба ҳуҷра ва хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра мебошанд.
Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул.
Маблағи қарз: барои шахсони воқеӣ аз 1000 сомонӣ то 250 000 сомонӣ.
Мӯҳлати қарз: аз 6 то 36 моҳ.
Фоизи солона: 40%
Фоизи моҳона: 3,33%
Талаботҳои қарздиҳӣ:
– Шахсони воқеӣ, синашон аз 20 сола боло;