Қарзҳо барои кишоварзӣ
- Қарзҳо барои кишоварзӣ – ин намуди қарз ба мизоҷон имконият медиҳад, ки маблағро барои ҳама намудҳои кишту кори хоҷагиҳои деҳқонӣ истифода баранд (растанипарварӣ, чорвопарварӣ, паррандапарварӣ, занбурпарварӣ, моҳипарварӣ ва ғайра).
Маблағи гирифташуда метавонад барои тухмӣ, нуриҳои минералӣ, зархимикатҳо (пестицид) ва сӯзишворӣ истифода бурда шавад.
- Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул
- Маблағи қарз: барои шахсони воқеӣ аз 1000 сомонӣ то 250 000 сомонӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 1000 сомонӣ то 350 000 сомонӣ.
- Мӯҳлати қарз: аз 6 то 18 моҳ
- Фоизи солона: 36%
- Фоизи моҳона: 3%
- Давраи имтиёзнок: аз 1 то 6 моҳ
- *Ҳамаи қарзҳои пешниҳод мешудаи ФҚХ «ЗАР» бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ дода мешавад.
Талаботҳои қарздиҳӣ:
- Шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
- Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
- Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
- Доштани таъминоти гарав.
Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:
- Дархости қарзӣ;
- Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди истиқомат;
- Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент.
Пеш аз гирифтани қарз, мо таваҷҷуҳи шуморо ба хатарҳои зерини марбут ба қарздиҳӣ ҷалб менамоем:
- Шартҳои қабулнашавандаи маҳсулоти қарзӣ — вақте ки шартҳои маҳсулот (маблағ, мӯҳлат, ҷадвали баргардонидан ва ғайра) ба буҷети нақшавии шумо мувофиқат намекунанд.
- Истифодаи мақсадноки қарз — қарзи гирифташуда бояд қатъиян ба мақсади дар ариза нишондодашуда истифода шавад.
- Ба шахсони сеюм додани қарз боиси оқибатҳои ногувор буда, вайрон кардани шартномаи қарз буда, барои пеш аз мӯҳлат пурра баргардонидани қарз сабаб мешавад.
- Мавсими фаъолият / тиҷорат — вақте ки фаъолияти шумо аз мавсимӣ вобаста аст.