loader image
Имкониятхои кор кардан бо карз

Тартиби қарздиҳӣ аз зинаҳои зерин иборат аст:

1. Омӯзиши пешакии мизоҷ, вазъи молиявӣ ва иҷтимоӣ, пардохтпазирии қарзӣ талабшуда.

2. Қабули аризаи қарзӣ:
мутахассиси қарзӣ барои пур намудани шакли муқарраркардаи дархости қарзи кӯмак мерасонад;
тартиби пешниҳод намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои иловагиро мефаҳмонад;
аз шиносномаи аслии мизоҷ, ҳамсари вай ва шахси кафил нусхабардори карда шуда, таърихи рӯз, навиштаҷоти ному насабашро бо гузоштани имзои худ тасдиқ менамояд;
гирифтани маълумот оиди таърихи қарзӣ мизоҷ дар бюрои қарзӣ;
дар ҳолати аз тарафи мизоҷ пешниҳод нагаштани ахборотҳои зарурӣ ё пинҳон доштани он корманди қарзи ҳуқуқ дорад, аз баррасии аризаи қарзӣ даст кашад;

3. Таҳлили муфассал ва ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкории мизоҷ, аҳволи иҷтимоӣ ва ҳолати амволи гарав ё шахсони зомин (кафилшавандагон). Боздид аз ҷои тиҷорат ва ҷои зисти онҳо. Аз ҷумла боздиди такрории ногаҳонӣ.

4. Омодасози тавсияи қарзӣ ба Кумитаи қарзӣ

5. Баррасии ариза дар Кумитаи қарзӣ.

6. Омодасозии шартномаҳои қарзӣ, гарав ва кафилшавандагон.

7. Ба имзо расонидани шартномаи қарзӣ/ҷадвали пардохт, инчунин ба расмият даровардани гарав ва пешниҳоди карз.

8. Баъди дода шудани ҳар як қарз мониторинги истифодабарии қарз гузаронида мешавад.
Пеш аз ба имзо расонидани шартномаи қарз, бодиққат ҳама шартҳои онро хонед:
Меъёри фоизии қарз
Маблағи қарзи пешниҳодшаванда
Мӯҳлати қарз
Комиссия ва дигар хароҷотҳо
Тартиб ва усулҳои пардохти қарз
Намудҳо ва ҳаҷмҳои ҷаримаҳо, ки бо шартномаи қарзӣ пешбинӣ шудаанд

Қарзро бо мақсад истифода баред;
Қарзро мувофиқи ҷадвали пардохти қарз пардохт намоед;
Қарзро бояд дар хазина бо тарзи супоридани пули нақд ва ё бо тарзи гузарондани маблағ дар суратҳисоб пардохт намоед;

Ҳангоми гирифтани қарз, маблағҳоро аз хазина дур нашуда ҳисоб кардан зарур аст!
Ба кормандон пешниҳод намудани подош барои гирифтани қарз лозим нест!