loader image
дар бораи таърихи карз

Таърихи қарзӣ тамоми маълумотро дар бораи шахс ҳамчун қарзгир дар бар мегирад. Аз он Шумо метавонед фаҳмед: Як шахс барои гирифтани қарз чанд маротиба дархост додааст, ба ӯ чанд қарз дода шудааст ва дигар ӯҳдадориҳо.

Рейтинги қарзӣ нишондиҳандаи асосии вазъи таърихи қарзӣ шумост. Ба шумо имкон медиҳад, ки эътибори молиявии худ ва имконияти гирифтани қарзро зуд арзёбӣ кунед.

РЕЙТИНГРО ЗИЁД МЕКУНАД:
Пардохти саривақтӣ;
Давомнокии таърихи қарз;
Гуногунии намудҳои қарзҳои гирифташуда;

РЕЙТИНГРО ПАСТ МЕКУНАД:
Шумораи зиёди рад кардани дархостҳои қарзӣ дар як муддати кӯтоҳ;
Шумораи зиёди дархостҳои қарзӣ дар як вақт ба якчанд бонк;

БОЯД ДОНЕД:
Пеш аз гирифтани қарз, бодиққат арзёбӣ кунед, ки оё Шумо метавонед онро мунтазам сари вақт пардохт кунед;
Пардохтҳои саривақтӣ калиди таърихи хуби қарзӣ мебошад;
Пардохтҳои нопурра метавонанд боиси ҷарима шавад ва ба эътибори қарзии Шумо таъсири манфӣ мерасонад;
Таърихи пасти қарзӣ гирифтани қарзи навро дар оянда мушкил месозад;

ТАЪРИХИ ҚАРЗӢ ХУДРО САНҶЕД:
Маълумоти пардохти моҳонаи худро назорат кунед;
Қарзҳоеро, ки Шумо дархост накардаед, санҷед;
Сабаби рад кардани қарзатонро фаҳмед;

Беҳтар кардани таърихи қарзиро вақт ва интизомро талаб мекунад. Таърихи хуби қарзӣ дарҳои имкониятҳои молиявиро дар оянда мекушояд.