Тағйиребии иқлим ба тағиребии дарозмуддати ҳарорат ва обу ҳаво таалуқ дорад. Чунин тағиротҳо метавонанд табиӣ бошанд, аммо ба он одамон низ таъсир мерасонанд, ки сӯзишвории истихроҷшаванда, аз қабили ангишт, нафт ва газро сӯзонда, боиси партовҳои газҳои гулхонаӣ мешаванд.
Тағиребии иқлим ба зиндагии ман чӣ тавр таъсир мерасонад?
Ҳодисаҳои зуд – зуд ва шадиди обу ҳаво, аз қабили тӯфонҳои шадид, инфрасохторро хароб мекунанд, ба мушкилот, аз қабили қатъи барқ е қатъи нақлиет мусоидат мекунанд ва раванди таъминотро вайрон мекунанд. Тағйироти тадриҷии ҳарорат ва боришот бо мурури замон ба саломатӣ ва бехатарии одамон таъсир мерасонад ва ба дастрасии об тағирот ба вуҷуд меорад, ки махсусан ба соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ таъсир мерасонанд. Гарчанде ки тағиребии иқлим ба ҳама таъсир мерасонад, оқибатҳои онро аксар вақт аҳолии осебпазир ва махсусан занон бештар сахт эҳсос мекунанд.